• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
20.05.2024 03:00
НАТИҶАИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОНИШГОҲРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ ҚАРОР ДОД!
Возможно, это изображение 14 человек, помост и текстБоиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар сабқати ҷумҳуриявӣ, ки 42 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд, дар бахши фанҳои табиатшиносию риёзӣ дар ҷумҳурӣ ба мақоми 1-ум ва дар бахши илмҳои гуманитарӣ ба мақоми 3-юм сазовор дониста шуда, аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ бо Дипломи дараҷаи 1-ум ва 3-юм қадрдонӣ карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар олимпиадаи имсола зиёда аз 400 нафар
 
20.05.2024 02:55

 

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ МУНОСИБАТҲОИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР РУШДУ НУМУИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ

 

Возможно, это изображение 3 человека, помост и текст

18-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистион ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Муносибатҳои босалоҳият дар рушду нумуи таълими забони хориҷӣ ” бо ибтикори факултети забонҳои романӣ-германӣ баргузор гардид.
Конференсия бо сухани муқаддимавии Дониёр Сангинзод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ифтитоҳ гардида, ҳамзамон аз ҷониби ҳайати устодони дар конфронс ширкатдошта, аз ҷумла олимони соҳаи мазкур маърӯзаҳои пурмуҳтаво роҷеъ ба ҳалли мушкилоти масъалаҳои болозикр ироа гардид.
 
17.05.2024 05:25

ТОЗАНАШР; МАОРИФ АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН

Бо чунин унвон китоби устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Насимов Аминҷон  ва Насимова Парвина  интишор гардид. Он аз се боб иборат буда, дар боби аввал «Маориф асоси ҳаёт ва хушбахтии инсон» оид ба низоми маориф дар шароити нав маълумот медиҳад.
Муаллифон нақши маорифро дар тарбияи инсон дар боби дуюм ва нақши оила ва мактаб дар ташаккул ва инкишофи инсони солимро дар боби сеюм мавриди пажуҳиш қарор додаанд.
Муҳтавои китоб бо таҳлилҳои коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ, маълумоти омории соҳаи маориф  мукаммал гардида, бобати тарбияи маънавии насли наврас ба сифати манбаи муътамад хизмат хоҳад кард.
Хотиррасон менамоем, ки таи як соли охир бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода интишори дастур ва китобҳои таълимӣ равиши тоза касб намудааст, ки ин тадбир бобати боло рафтани сифати таълим мусоидат хоњад кард.

 
17.05.2024 03:14

 

ТАҚДИМИ 300 НУСХА КИТОБ АЗ ҶОНИБИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА АКАДЕМИЯ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
Возможно, это изображение книга и текстРаёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба мутолиаи китоб ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 нусха китоб туҳфа намуд.
Мавриди зикр аст, ки аксари китобҳои туҳфашуда вобаста ба ихтисосҳои таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,
 
17.05.2024 03:11

 

ДИҚҚАТИ МУАССИСАҲОИ ЧИНӢ БА ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ РӮЗ ТО РӮЗ МЕАФЗОЯД
Возможно, это изображение 2 человека и текст16-уми майи соли ҷорӣ Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо намояндагони Коллеҷи байналмилалии табодули фарҳангии Вилояти Шинҷиани Ҷумҳурии Халқии Чин вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо ибрози назар намуда, дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.
Муҳтавои мулоқот ба сифати таҳсилоти муассисаҳо равона гардида,
 
16.05.2024 12:51

 

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАҲРИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ТАБИИВУ РИЁЗӢ БАРГУЗОР ШУД
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст16-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистион ба номи Садриддин Айнӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Проблемаҳои муосири таҳсилоти математикӣ, информатикӣ ва физикӣ дар мактабҳои миёнаву олӣ” баргузор гардид.
Конференсия бо сухани муқаддимавии Дониёр Сангинзод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ифтитоҳ гардида, ҳамзамон аз ҷониби ҳайати устодони дар конфронс ширкатдошта, аз ҷумла олимони соҳаи мазкур профессор М.Нуъмонов, доктори илмҳои физикиву математикӣ Д.Шерматов,
 
15.05.2024 04:22

 

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГӢ ДАР МАВЗУИ ОИЛА ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР БАРГУЗОР ГАРДИД
Возможно, это изображение 7 человек, Телевизионная башня Токио и текстСанаи 14-уми майи соли 2024 дар майдончаи варзишии асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила”, ки ҳамасола 15 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мешавад, ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Оила ва маърифати ҳуқуқии оиладорӣ дар ҷомеаи муосир” баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ-фарҳангиро Назарзода Нигора, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ номаи табрикотии
 
15.05.2024 04:15
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТӢ ДАР МАВЗУИ “ОИЛАИ СОЛИМ-ҶОМЕАИ СОЛИМ” БАРГУЗОР ШУД
Возможно, это изображение 3 человека и текстИмрӯз бо бо ташаббуси факултети психология тибқи мактуби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ дар мавзуи “Оилаи солим-ҷомеаи солим” гузаронида шуд, ки дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи кор бо ноболиғони ноҳияи Исмоили Сомонӣ майёри миллитсия Ҳусейнов Комрон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Н. Назарзода ва як қатор устодону шогирдони факултет ширкат варзиданд.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ